Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Намоишгоҳ дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

Имрӯз дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши идонаи Наврӯзӣ бо ба маърази тамошобинон пешниҳод намудани маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва таому хурокҳои миллӣ аз ҷумла  маҳсулотҳои нонӣ, меваҷоту сабзавот ва  дигар хуришҳои ба ин ҷашн хос баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки эҳё шудани ҳунарҳои мардумӣ ва таомхои хоси Наврузӣ аз ҷаҳонӣ шудани ин иди зебои бахор дарак медихад, зеро Наврузи ҷаҳонӣ дар сарнавишти миллати тоҷик ва тамоми меросбарони он ҳамчун ҷашни аҷдодӣ нақши барҷаста дошта он як падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллӣ  ба ҳисоб меравад.

Нашр шудааст: 20 Март 2024