Конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об бо мақсади баррасии миёнамуҳлати ин даҳсола аз 6 то 9 июни соли равон дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт.
Айни ҳол ибтикори чоруми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои ҷаҳонии об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018 – 2028” дар миқёси сайёра амалӣ шуда истодааст. Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об таваҷҷуҳи иштирокчиёнро, пеш аз ҳама, ба чигунагии шарикии ҳукуматҳо, СММ ва ниҳодҳои он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд дар раванди саҳмгузорӣ дар ҳама сатҳҳо дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об ҷалб хоҳад кард.
Ҳадафҳои асосии Конфронси дуюми Душанбе, пеш аз ҳама аз инҳо иборатанд:
• пешниҳоди иттилооти нав оид ба фаъолият ва амалҳое, ки дар Эъломияи ниҳоӣ, хулосаи ҳамраисон ва шарикии Конфронси якуми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи амал оид ба об, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар соли 2018 ташкил карда шудаанд;
• вусъати дастрасӣ ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ мувофиқашуда, аз ҷумла тавассути татбиқи чаҳорчӯбаи суръатбахшии ҳадафҳои рушди устувор;
• қабули қарорҳои илман асоснокшуда бо дарназардошти технологияҳои муосир ва инноватсионӣ;
• таҳкими иқтидор, дониш ва таълим тавассути табодули иттилоот ва таҷрибаи пешқадам;
• муаррифии шарикии муваффақ, тарғибот ва шабакавӣ байни ҷонибҳои манфиатдор дар ҳама сатҳҳо;
• таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳҳои гуногун тавассути пешбурди муколама, шарикӣ ва равиши байнисоҳавӣ.
Иттилои бештарро аз сомонаи расмии конфронси мазкур дарёфт хоҳед кард https://dushanbewaterprocess.org/