Азхудкунии заминҳо
Ҷиҳати азхуд намудани заминҳои нави обёришаванда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №450 «Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» қабул карда шудааст.
Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки дар натиҷаи азхудкунии 3890 га заминҳои нави обӣ ва барқарорсозии 7800 га заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар маҷмӯъ 11690 га замин ба истеҳсолоти кишоварзӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа зиёда аз 50 ҳазор нафар аҳолии деҳот бо кор таъмин гарданд. Аз давраи татбиқи Барнома дар солҳои 2012-2015 ҳамагӣ 893,3 га заминҳои нав аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии Агентӣ азхуд карда шудааст, аз ҷумла дар соли 2012 - 436 га, дар солҳои 2013-2015 – 457,3 га ва дар соли 2017 – 390 га.
Ҳамзамон қобили қайд аст, ки дар давоми солҳои 2003-2011 боз 6730,7 гектар замини нави обёришаванда азхуд карда шуда, ба гардиши кишоварзӣ супорида шудааст. Дар маҷмӯъ дар давоми солҳои 2003-2017 аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии Агентӣ 8123 гектар замини нав азхуд карда шудааст. Ин имконият дод ки зиёда аз 32400 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.
Дар давоми солҳои 2012-2017 таъминоти оби заминҳо дар масоҳати 11850 гектар беҳтар гардонида шуда, бар ин васила заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ ворид гардиданд.