Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим
Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим, арзиши умумии лоиҳа 13,59 млн. доллари ИМА, қисмати арзиши татбиқи лоиҳа аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 0,591 млн. доллари ИМА, мӯҳлати татбиқи лоиҳа солҳои 2014-2019. Аз ҳисоби гранти Бонки Осиёгии Рушд (95,65 %) ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (4,35%) маблағгузорӣ карда мешавад.Мақсади лоиҳа ба беҳбудии рӯзгори мардуми ҳавзаи дарёи Панҷ, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим осебпазиранд, бо мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои техникӣ, барқарорсозии инфрасохторҳои системаи обёрикунӣ, шабакаҳои обкашӣ ва муҳофизати онҳо аз селу обхезӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим, равона гардидааст. Лоиҳа мазкур дар ноҳияҳои Панҷ, Кӯлоб, Восеъ, Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа, Ванҷ ва Рушон татбиқ шуда, 18 ҷамоати ин ноҳияҳои ҳавзаи дарёи Панҷро фаро мегирад.