Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи асосӣ / Саволу ҷавобҳо

Саволу ҷавобҳо

Асалому алейкм мо истикоматкунандагони ш Истаравшан кучаи х гиёсов ва м. Мусоев аз Оби. Нушоки азият мекашем 2.3 мох шуд кариб хар хафта пнши директори водаканал меравем имруз пага мегун лекин 1 сол пеш об хамаруз меомад илтимос хамин масплаи обро чидди бенед

Ташаккур барои мурочиат. Ин масъалаи зикрнамудаи Шумо яъне таъминоти оби нушокӣ ба КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ» марбут мебошад.

ТИБҚИ ОИННОМА КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ» ФАЪОЛИЯТИ ЗАЙЛРО АНҶОМ МЕДИҲАД:

  • таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ ва баровардани партовобҳои истеъмолкунандагон
  • пешбурди сиёсати ягонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ҷумҳурӣ
  • истифода ва таъмини ҳифзи фонди манзил дар шаҳрҳо, шаҳрак ва маркази ноҳияҳо
  • тозагии санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ирригатсия
  • истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ
  • таъмини гармии истеъмолкунандагон
  • иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию конструкторӣ
  • иҷрои корҳои таъминотӣ, ташкили анборҳои яклухт ва чакана
  • пешбурди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • хизматрасониҳои нақлиётӣ
  • хизматрасониҳои иттилоотию машваратӣ
  • тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ
Истифодаи ройгонии оби полезӣ аз кадом вакт то кадом вакт мебошад дар Точикистон

Оби полези ройгон дар фасли зимистон танҳо барои яхобмони тибқи супоришҳои дахлдор ҷорӣ карда мешавад.

Ба Пешвои муазами Тољик,Президенти Љумњурии ТољикистонМўхтарам Эмомалї РањмонБа Раиси шањри Душанбе,Раиси Маљлиси Милли Маљлиси Олии Љумњурии ТољикистонМўхтарам Рустами ЭмомалїБа шахсони сахию хайрхои миллати Тољик,ки дар моњи Рамазон нияти хайр кардани њастанд !Аз номи маљруњи груњи 2-юм,шањрванди шањри Душанбе, мањаллаи Казоќон-2 ,хонаи 168 БЃоибова Кенљамо Худойназаровнателефон барои тамос ва кумак расонидан:988796099Д АРХОСТ БАРОИ КУМАК РАСОНИДАН ДАР МОЊ РАМАЗОН! Ман,Ѓоибова Кунљамо маъюби гуруњи 2-юм,ки зиёда аз шаш сол боз аз роњгарди мондам бинобар сабаби бемории ва маъюбии њарду пойњоям ва ниёз ба кумаку дастгирии шахсони саховатманду хайрхои миллати сарбаланди Тољик мебошам. Ба маълумоти Шумо шахсони саховатманду хайрхои миллати Тољик расонидани њастам,ки дар баробари маъюбиям ман њамаги 108-сомони нафаќа мегирам,ки он на барои зиндагиро пеш бурдан на барои табобати саломатию маводхои дорувори ва на барои иљорапулии мерасонам. Њазорон њазорон шукри Худовандро мекунам,ки ба ман њамсояњо ва шахсони сахию хайрњо аз руи имконияташон кумакњо мерасонанд. Аммо ваъзияти саломатиам ва ойлавиям рўз то рўз мушкилтар гашта истодааст аммо ба харидани як бурида нон танќисии зиёд кашида истодаам. Аз њамин лињоз аз Шумо кумаку ёри металабам шахсони саховатманд ва хайрхои миллати Тољик,ки дар ин рўзхои мубораки моњи Рамазон ва минбад вобаста ба имкониятатон кумак расонед. Аз Шумоён минатдорам пешаки барои кумакњои расонидагиатон ва аз даргоњи Худованд талаб менамоям,ки файзу баракат ва дороии Шуморо аз ин њам зиёд гардонаду ва Шумоён дасти барљомондањо ва камбизоатњо ва бепарасторонро бо хайр ва саховати хеш дасти мадад расонед.Гарчанде,ки ман хатту саводи кофи надорам ин номаро аз номи мани модари Точик ва маъюб як њамсоя писар Алишед бо хоњиши ман навишта ба Шумоён пешнињод менамоям. Бо камоли эњтиром ба Шумоён,Ѓоибова Кенљамо Худойназаровнаи 60-сола,сокини шањри Душанбе, мањаллаи Ќазоќон-2,хонаи 168Бтелефон барои тамос ва кумак расонидан:98879609923 апрели соли 2021.

Ба Шумо саломати ва ризқи фаровон аз даргоҳи Худо хоҳонем. 

Мухарам раис саломудуруди моро бипазиред! Мо дар бораи механизми бехтарсозии ташкили иктисодии заминхои обии минтакаи Кулоб диссертасиЯ навишат истодаем. Барои мо фаъолияти Ассосиятсихои истифодавбарандагони об дар нохияхлои минтаки Кулоб лозим. Бисёр хохиш мухтарам раис!

Лутфан, намуди маълумотро аниктар намуда ба Агенти муроҷиат намоед.

Здравствуйте, Я Бехруз Садриддинов служил в Памире закончил институт языков в г. Душанбе. В настоящий время двигаюсь в сторону самозанятости в Москве. Объясняю свою картину, в Таджикистане точнее в Хатлонской области у меня 20 гектаров фермерских земель в котором люди нескольких посёлок выращивали крупы овощи и фруктовые продукты. Последний 5 лет вода доходит до наших фермерских земель несколько раз в год....... С уважением прошу руку помощи.

Лутфан, аввал бо Мақомоти ваколатдори давлати дар маҳал ҳамкори намоед. Дар сурати ҳалли худро наёфтани мушкили ба Агенти муроҷиат намоед.

Меъёри талафоти оби полези бо фоиз. Дар хочагихои кишоварзи

Меъёри талафоти об дар мавзеъҳои гуногун фарқ менамояд. Аз 10 то 30%

Салом.аз шумо эхтиромона хохиш менамоям, ки вазъияти пойгохи обкашии маргедар-2 ро дар дехаи рукнобод дида бароед ва барои мунтазам кор карданаш чорахои катъи андешед.чанд соли охир ин пойгох кори мунтазам надорад.дар мавсими обери ду се руз кор мекунаду моххо вайрон мешавад.соли гузашта мохи июл ба кор шуруь кард ва хамаги 2-3 навбат кор карду халос.имсол бошад 20 июн ба кор шуруъ кард ва 2-3 кор карду вайрон шуд.мо кишоварзон то имруз хамаги як маротиба заминхоямонро обери кардему халос.

Лутфан, аввал бо Мақомоти ваколатдори давлати дар маҳал ҳамкори намоед. Дар сурати ҳалли худро наёфтани мушкили ба Агенти муроҷиат намоед.

Ба иттилои Шумо мерасонем, ки Идораи барномаҳои сиёсии «Телевизиони Тољикистон» тасмим гирифтааст оид ба пешгири намудани офатҳои табии ва тадбирҳои пешаки оид ба рафъи офатҳои табии барнома таҳия намояд. Аз ин рў, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои њамкорї бо гурўњи эљодї масъулини соњаро вобаста мекардед. Барои дастгирї қаблан сипосгузорем!

Лутфан тибқи тартиби муқарраргардида, ба Агенти бо мактуби расми муроҷиат намоед. Дархости шумо хатман барраси мегардад.

Дар асоси аризаи беасос ва бардурӯғи ҳамсояамон Ҳакимов Сулаймон, сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кушониён Имомов Б. ба ман огоҳинома дар бораи бартараф намудани иншооти дар сарҳадоти шабакаи обрасонӣ сохташуда дар муддати 5 шабонарӯз додааст. Инчунин дар мактуби ҷавобии худ ба аризаи Ҳакимов С. сардори Идораи зикршуда дарҷ намудааст, ки гӯё ман талаботи банди 9 моддаи 67 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда бошам. Бояд қайл кард, ки на меъёри мазкури Кодекси об дар таҳрири куҳна ва на дар таҳрири нав ба муносибати байни ману ҳамсоя ба вуҷуд омада ягон алоқамандӣ надошта, ба ман маълум нест, ки чаро ин меъёр ба асос гирифта шудааст. Зиёда аз ин, дар фарқият аз ҳамсояамон, ки масоҳати зиёди соҳили дарёи худро дорад, ман ба ин соҳил иҷозатномаи ҳамин Идораи беҳдошти замин ва обёриро гирифта будам ва дар соҳили дарёи ман ягон сохтмон ва ё иншоот бунёд накардаам. Дар ҳақиқат аз солҳи 1992-ум инҷониб ба хотири надаромадани ягон шахсони бегона ва ё ҳайвоноти гуногун ба ҳавлиамон тавассути соҳили дарё, ки ба ҳавлиамон часпидааст, амакам ва падарам онро девор карда буданд ва то инҷониб он девор ва дарвозаи ҳавлиамон боқӣ мебошанд. Дар асоси аризаи зикршудаи ҳамсояамон намояндагони идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоятӣ ва ноҳиявӣ санаи 15 майи соли 2020 ба ҳавлии истиқоматиамон омада, онро азназар гузарониданд. Азбаски мақсади асосии ҳамсояамон кушодани роҳи иловагӣ барои ба замини хоҷагии деҳқониашон рафтан мебошад, зеро онҳо роҳи асосӣ доранд, вале ба хотири кутоҳ кардани роҳашон боз мехоҳанд, ки бо соҳили дарёи назди хонаи истиқоматии ман ва амакам роҳи иловагӣ кушоянд, то ки "хаста нашаванд дар роҳ". Дар он соҳили дарё на танҳо Ҳакимов Сулаймон, балки дигар ҳамсояҳоямон, ки дар маҳаллаи онҳо истиқомат мекунанд, аз қабили фарзандони марҳум Ҳакимов Талбон, инчунин Ҳакимов Салмон, Толиб, Суфӣ, Олим ва дигар низ заминҳои тавре маъмулан мегӯянд "Президентӣ" доранд, вале онҳо бо роҳи мавҷудбудаи маҳалла бе ягон эътироз рафту омад мекунанд, вале аз вақте, ки писари Ҳакимов Сулаймон - Султон ҳуқуқшинос шудааст, бо тамоми ҳамсояҳо баҳс намуда, кӯшиш менамояд, ки як қисми замин аз ҳамсояҳо канда гирад. Ҳамин тавр ӯ бо амакаш Ҳакимов Талбон баҳс намуд, бо ҳамсояаш Ҳакимов Бег, бо ҳамсояҳо Исоқовҳо ва дигарон. Бояд гуфт, ки ваҷҳи аризаҳои Ҳакимов Сулаймон дар бораи он, ки онҳо аз соли 1936 ин соҳили дарёи моро истифода мекарданд ва аз соли 1992 ба у замини "Президенти" дода шуда, у бо соҳили дарёи мо ба он мерафт ва хешу табори он соҳили дарё ба маъракаҳои у тариқи ин соҳил меомаданд дуруғи маҳз мебошад. Зеро аввал ин, ки Ҳакимов Сулаймон ва фарзандонаш соли 1936 ҳатто дар нақшаи падару модаронашон набуданд. Дигар ин, ки Ҳакимов Сулаймон аз соли 1992 инҷониб бедарак ғоиб буд ва дар давоми зиёда аз даҳ сол ҳамагӣ як маротиба пайдо шуда омада, боз зану фарзандонашро партофта рафта буд ва чанд сол аст, ки пайдо шуда омадааст ва аз ҳамон сол дигар ҳамсояҳо рузи осударо намебинанд. Агар ҳамон наворҳои маъракаҳояшон вуҷуд дошта бошад ва ба онҳо назар афканданро иҷозат диҳанд, маълум мешавад, ки ҳамсояву хешу табор бо кадом роҳ ба хонаи онҳо ворид мешуданд. Албата бояд росташро гуфт, ки якчанд муддат мо бо ягон ҳамсояҳо сарҳаду девор надоштем ва тариқи хонаи якдигар ба маҳаллаҳои дигар мегузаштем, мо низ садҳо маротиба ба хонаи бародарҳои Сулаймон - Талбон ва Салмон рафтаем, вале даъвои роҳ будани саҳни ҳавлии Сулаймонро надорем. Асоси суханро бояд гуфт, ки агар солҳои 70-ум - 80-уми асри гузашта амакам Шарифхуҷа соҳили дарёи назди хонаамонро бо чандин тонна семент мустаҳкам намекард, ҳоло ин соҳилу ҳам соҳили хонаи Сулаймон дар ин солҳо нобуд мешуд, зеро об онҳоро шуста мебурд. Дигар ин, ки он купруке, ки Сулаймон бо он мегузарад, аз ҳисоби оҳану лавозимоте, ки амакам Азизхоҷа овардааст, аз нав сохта шуда буд, зеро купруки пешинаро чанд маротиба об шуста бурда буд. Муддати зиёда аз 50 сол аст, ки мо ин соҳили дарёро бо роҳи шинонидани дарахтон ва бетонрези нигоҳубин кардем, наход, ки ҳуқуқ надошта бошем, ки дар соҳили он оромона шинем ва ҳамсояҳо бо сагу гову молашон омада меҳнати чандинсолаи моро барбод накунанд. Дар ҳузури мо Ҳакимов Султон аз корманди Идораи сирри давлатӣ буданаш суиистифода карда, ба кормандони идораи об дӯғу пуписа карда супориш медод, ки ба ӯ роҳ кушоянд, магар Султон ва кормандони Идораи беҳдошти замин ва обёри ҳуқуқи ҳалли масъалаи кушодани роҳро доранд ва зиёда аз ин вақте, ки ман ба онҳо гуфтам, ки ман ба суд оид ба ин масъала муроҷиат намудаам, онҳо ҳуқуқи баррасии баҳси судиро доранд? Мехостам аризаамро кутоҳтар нависам, вале бахшиш, ки бо дигар тарз ифода намудани аламҳои диламро наёфтам, зеро ҳамон дипломи ҳуқуқшиносро писари ин шахс бо дастгирии амакам гирифтааст ва итминони комил пайдо кардам, ки суханони Саъдии бузургвор дуруст будааст, зеро ҳар шахс таълим додан зарур набудааст. Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо, хоҳишмандам, ки аризаи Ҳакимов Сулаймон дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон" ба аризадиҳанда баргардонида шуда, ба охирин тавсия дода шавад, ки ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд ва огоҳинои сардори Идораи беҳдошти замин ва обёри бинобар хилофи қонуни дар боло зикршуда қабул гардиданаш ва нодуруст татбиқ намудани меъёри Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шавад.
Барои ҳалл намудани мушкилии қайдгардида лутфан бо аризаи расми ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намоед. 
Салом алейкум, ман имсол хатмкунандаи факултаи молиявию иктисодии ДМТ мебошам, мехохам дар бораи озмунхо ва чойхои корхои холи дар сомона Шумо бисёртар маълумотхоро чойгир менамудед то мо аз озмунхо саривакт бохабар шавем ва имкони сохиб гаштан ба унвони корманди Агенти бехдошти замин ва обёрии назди Хукумати Чумхурии Точикистонро сазовор гардем. Оё дар сомонаи Шумо зуд зуд оид ба озмунхо маълумотхо пешниход мешаванд? Барои посух доданатон каблан сипосгузорам.

Лутфан барои дарёфти эълони озмуни ҷойҳои холии кори аз нашрияҳои газетаи Ҷумҳурият ва сомонаи Агентии хизмати давлати дидан намоед.

Ман унвонҷуи ДДК ба номи А. Рудкӣ мебошам ва дар доираи мавзуи кори илмиам ба навиштани рисолаи номзадӣ машғул мебошам. Аз Шумо хоҳиш дорам барои ман ҷиҳати дарёфти маводҳои мусоидат мекардед. Қаблан сипосгузорам аз Шумом.Саволҳои ман чунин аст:Ҳавми истифодаи об дар вилояти Хатлон дар солҳои 2008-2017?Ҳаҷми обҳои такрор гардишхуранда дар вилоят дар солҳои 2008-2017Ҳаҷми партовҳо ба объектҳои обанборҳои руи замини дар вилояти Хатлон дар солҳои 2008ғ2017

Лутфан ба мақомоти ваколатдори давлати дар маҳал муроҷиат намоед.