Захираҳои обӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ мавҷуд буда, нақши онҳо дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар бавоят муҳим мебошад.
Истифодаи захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мелиоратсия ва обёрӣ ва истеҳсолӣ тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, саноат ва моҳипарварӣ, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим дорад.
Ин захираҳо, ҳамчунин, дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳмгузор мебошанд. Рушди устувори соҳаҳои мелиоратсия ва обёрӣ, кишоварзӣ ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамоянд. Муҳимияти бештарро соҳаҳои мелиоратсия ва обёрӣ, кишоварзӣ касб менамоянд, зеро қисмати зиёди аҳолии деҳоти кишварро бо шуғл таъмин менамояд.
Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 90% аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, асоси захираҳои обии кишварро пиряхҳо, дарёҳо, кулҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд.
Сурати миёнасолонаи маҷрои дарёҳо дар кишвар ба 64 км³, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму ба 62,9 км³ ва ҳавзаи Сирдарё ба 1,1 км³ дар як сол баробар мебошад. Оби дарёҳои Тоҷикистон 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамоянд.
Боришоти миёнаи солона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ба 760 мм-ро баробар буда, дар баъзе минтақаҳои ҷанубии кишвар ин шумора то 100 мм ва дар ноҳияҳои баландкуҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ба 2400 мм тағйирёбанда мебошад.