Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории ҷаласаи навбатии дохилии Комиссяи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 22 декабри соли ҷорӣ дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КМИД) ҷаласаи навбатии дохилии Комиссяи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Дар ҷаласа муовини Директори Агентӣ, муовини раиси КМИД Зуҳурзода Баҳрулло, котиби КМИД Ғафорзода Баҳром ва аъзоёни расмии КМИД аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
 
Дар ҷаласаи мазкур нахуст масъалаҳои мувофиқа ва тасдиқнамоии дархостҳои довталабон аз ҳисоби олимони варзида, намоянадгони ташкилотхои ғайриҳукуматӣ, донишҷӯёну аспирантҳо, кормандони вазорату идораҳои соҳавӣ барои аъзои инфиродии КМИД гардидан барраӣ гардид.
Инчунин, аз ҷониби котиби КМИД рунамо оид ба фаъолияти КМИД дар соли 2023 пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд. Ҳамзамон, нақшачорабинии баргузоршавии 14 умин Ҷаласаи байналмилаӣ оид ба ирригатсия ва дренаж ки аз 30 май то 1 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад миёни аъзоёни КМИД муҳокима карда шуд.
Нашр шудааст: 22 Декабр 2023