Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имруз, 14 октябри соли 2022 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои се моҳи оянда баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Агентӣ Холмурод Раҳмон, муовини якуми директор Сироҷиддинзода Баҳриддин, муовини директор Ҷумазода Сабур, муовини директор Зуҳурзода Баҳрулло, роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд.

Нахуст, директори Агентӣ ҷаласаро оғоз намуда, барнома ва сархати мавзӯҳои баррасишавандаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас тибқи барномаи ҷаласа муовини директор Зуҳурзода Баҳрулло натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар давраи нуҳ моҳи соли 2022 мавриди таҳлил қарор дода, диққати ҷиддиро ба истифода бурдани тамоми имкониятҳо ҷиҳати таъмини пурра ва саривақтии оби полезӣ ба хоҷагидорон ва ба таври муташаккилона ҷамъбаст намудани мавсими обёрӣ равона намуд.

Тибқи таҳлилҳо, соли ҷорӣ идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 62540 истифодабарандагони об, дар майдони  548561 гектар шартнома ба имзо расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 206 гектар зиёд мебошад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи дархост ва талабот ба истифодабарандагони об дар ҳаҷми 4202,5 млн.м3  об расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 48,3 млн.м3 зиёд мебошад.

Пардохти ҳаққи хизматрасонии об, омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар мўҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ мусоидат менамояд. Бо ин мақсад, аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра 63% - и ҳаҷми умумии маблағи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст.

Аз сабаби саривақт пардохт нагардидани ин маблағҳо қарзи обистифодабарандагон дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо афзуда, ба ҳолати 1 октябри соли 2022 бо дарназардошти солҳои пешин 183,6 млн.сомониро ташкил медиҳад. Ин раванд боис мегардад, ки қарзҳои дебиторию кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ афзоиш ёбад. 

Бинобар ин ҷиҳати дарёфти механизми самарабахши ҷамъоварӣ ва пардохти маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ мутахассисони соҳа чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла бо мақсади таъмини шаффофият ва дақиқ намудани нишондиҳандаҳои  ҳаҷми  оби   дастрасшуда    ва    пардохти    маблағҳои  ҳаққи хизмати обрасонӣ дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ зина ба зина ба шакли ғайринақдӣ тавассути системаи биллинг ҷорӣ гардида истодааст.

Баҳри иҷрои яке аз вазифаҳои муҳими соҳа, яъне беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 таҳти №374 ва фармоиши Агентӣ аз 8 январи соли 2019, №2, ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ҳолати мелиоративии 8513 гектар (88%) заминҳо беҳтар гардонида шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №285 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба дарозии 20153 метр (79%) корҳо иҷро гардиданд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 қабул гардидааст, соли ҷорӣ азхуд намудани 1390 гектар заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба пешбинӣ шуда, корҳо тибқи нақша ҷараён доранд.

Тибқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 362 адад АИО фаъолият доранд, ки ба майдони 431167,4 гектар заминҳои обёришаванда хизматрасонӣ менамоянд.  Аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд 190 адад АИО ба майдони 203081 гектар, Хатлон 137 адад АИО ба майдони 203437 гектар,  ВМКБ 11 адад АИО ба майдони 1646,9 гектар, минтақаи Ҳисор 6 адад АИО ба майдони 5975, гектар ва минтақаи Душанбе 18 адад АИО ба майдони 17027,5 гектар хизмат расонида истодаанд.

Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ шумораи кормандони соҳа 5777 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истифодабарӣ 5677 нафар ва дар сохтмон 100 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёни моҳонаи кормандон дар ин давра 739 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҷаласа аз ҷониби ҳайати мушовара масъалаҳои рузмараи соҳа баррасӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, бо мақсади ба таври муташаккилона ва ба муваффақият ба анҷом расонидани мавсими обёрии соли 2022 масъулин дар семоҳаи минбаъда муваззаф гардиданд, ки:

- аз тамоми захира ва имкониятҳо истифода намуда, пурра ва саривақт обистифодабарандагонро бо оби полезӣ таъмин намуда мавсими обёрии соли 2022 – ро ба таври муташаккилона ҷаиъбаст намоянд;

- тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 таъмин намудани иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2022 - 2023 барои омодасозии иншооти обёрӣ ба мавсими обёрии соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- таъмини иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи барномаҳои соҳавӣ аз ҷумла “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” ва нақшаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо;

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани тадбирҳои судманд вобаста ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инчунин базаи моддӣ-техникии ташкилотҳои соҳа;

- ҷиҳати беҳтар намудани фаолияти системаи биллинг тарзи корбарии системаи мазкур аз ҷониби масъулин аз нав бозбинӣ карда шавад;

- бо мақсади тақвият додани раванди гузариш ба усули ғайринақдии пардохти хизмати обрасонӣ тавассути системаи биллингӣ аз ҷониби идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар фарҷоми ҷаласа  аз ҷониби роҳбарият як қатор мутахассисони фаъоли соҳа аз ҷумла Сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Лахш -Тилабаев Суйун Сунатуллоевич ва Сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Восеъ-Халимов Дилшод Хакимович   барои хизматхои шоиста дар рушди соҳаи бехдошти замин ва обёрӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

Нашр шудааст: 14 Октябри 2022