Баргузории ҷаласаи даҳуми Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 октябри соли 2023,
Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Ҳаят Риҷенсӣ» - и шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони варзидаи соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, намояндагони ҷавонон ва ҷомеаи илмӣ, шарикони байналмилалии рушд, инстутҳои байналмилалии молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва тариқи иштироки маҷозӣ намояндагони Кумитаи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муовини президенти Комиссияи байналмиллалӣ оид ба ирригатсия ва дренаж (минбаъд КБИД) доктор Муҳаммад Ваҳба баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2015, № 620 дар назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КМИД Тоҷикистон) дар доираи фаъолияти КБИД, таъсис дода шудааст. Дар асоси қарори мазкур Низомнома ва ҳайати КМИД Тоҷикистон низ тасдиқ карда шудааст.
Мақсади асосии КМИД Тоҷикистон самаранок мусоидат намудан ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатии хоҷагии об мебошад, ки ба рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои обёришаванда, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами обёрии таъминкунандаи рушди устувори истеҳсолоти кишоварзӣ бо таҳияву татбиқи чораҳо оид ба беҳтар намудани идоракунии захираҳои об бо назардошти ислоҳоти бахши об, мубориза бо обхезӣ, танзими маҷрои дарёҳо ва солимгардонии иқтисодии муҳити табиӣ равон шудааст, мебошад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо КМИД Тоҷикистон бо КБИД, КМИД-и дигар кишварҳо, инчунин бо шарикони рушд оид ба омодасозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, баррасии лоиҳаҳои самараноки сармоягузорӣ дар ҷаласаҳои КМИД, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ тавассути мубодилаи иттилооти илмию техникӣ, иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои сиёсат, стратегия, барномаҳо ва нақшаҳои рушди соҳаи хоҷагии об, баргузории чорабиниҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар доираи фаъолияти КМИД Тоҷикистон ва КБИД, инчунин дигар корҳо дар доираи низомномаи КМИД Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.
Ҳадафи баргузории ҷаласаи 10-уми Комиссияи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи миллӣ оид ба ирригатсия ва дренаж дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷриба ва дастовардҳои илмию техникӣ дар рушди соҳаи хоҷагии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин рушди ҳамкориҳо дар бобати таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои дуҷонибаи сармоягузорӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои баргузор намудани 14-умин семинари байналмилалӣ оид ба дренаж таҳти унвонӣ «Азнавсозии низоми обёрӣ ва дренаж бо мақсади мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор», ки аз 30-юми май то 1-уми июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, инчунин, натиҷаҳои лоиҳаҳои «Пешбурди муколамаи минтақавӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» ва масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ баррасӣ карда мешаванд.
Ҷаласаи мазкур бо дастгирии Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкори дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе баргузор мардид.