Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.04.2022

Сана 15 апрели соли 2022 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар се моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои се моҳи оянда баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якуми директор Сироҷиддинзода Баҳриддин, муовини директор Ҷумазода Сабур, муовини директор Зуҳурзода Баҳрулло, роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд. Бинобар зарурати истеҳсолӣ директори Агентӣ дар сафари хизматӣ қарор дошата, дар ҷаласа натавонистанд иштирок намоянд.

Нахуст, муовини якуми директор Сироҷиддинзода Баҳриддин ҷаласаро оғоз намуда, натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар се моҳи соли 2022 мавриди таҳлил қарор дода, диққати ҷиддиро ба сатҳи омодагии иншоотҳои обёрӣ ба мавсими обёрии соли 2022 равона намуд.

Қайд гардид, ки дар ин давра корҳои омодасозии шабакаҳои обёрӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” ба роҳ монда шуда, ба  ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ корҳои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ 2794 ҳазор  м3 (96%), заҳбуру заҳкашҳо 1993 м3 (102%), таъмири иншоотҳои гидротехникӣ 726 адад (94%), танзими сарбандҳо ба маблаѓи 305,0 ҳазор сомонӣ (18%), таъмири бинои пойгоҳҳои обкашӣ 32 адад (57%), дастгоҳҳои обкашӣ  859 адад (100%), чоҳҳои амудӣ 77 адад, зеристгоҳҳои барқӣ 178 адад, трансформаторҳо 297 (17%) адад, сулулҳо 1037 (98%)адад ва таъмири хатҳои барқӣ 117,5 км ба иҷро расонида шуда, ҷиҳати пурра омода намудани иншоотҳо ба мавсими обёрӣ дар баъзе мавзеъҳо корҳо идома доранд.

Инчунин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои тирамоҳу зимистона шуршўйкунии 7636 гектар ва обмонии захиравии 87418 гектар заминҳои кишоварзӣ ба иҷро расонида шуд, ки дар натиҷа ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардонида шуданд.

Соли ҷорӣ Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 62540 истифодабарандагони об, дар майдони  547710 гектар шартнома ба имзо расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 206 гектар зиёд мебошад. Тибқи дархост ва талабот ба истифодабарандагони об дар ин давра  дар ҳаҷми 9,8 млн.м3 об расонида шудааст.

Пардохти ҳаққи хизматрасонии об, омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар мўҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ мусоидат менамояд. Бо ин мақсад, тибқи тартиби муқарраргардида 40% маблағи умумии хизмати обрасонӣ аз ҷониби обистифодабарандагон бояд пешпардохт карда шавад. Вале аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра танҳо 13% - и ҳаҷми умумии маблағи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст.

Аз сабаби саривақт пардохт нагардидани ин маблағҳо қарзи обистифодабарандагон дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо афзуда, ба ҳолати 1 апрели соли 2022 бо дарназардошти солҳои пешин 149,15 млн.сомониро ташкил медиҳад. Ин раванд боис мегардад, ки қарзҳои дебиторию кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ афзоиш ёбад. 

Баҳри иҷрои яке аз вазифаҳои муҳими соҳа, яъне беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 таҳти №374 ва фармоиши Агентӣ аз 8 январи соли 2019, №2, ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ ҳолати мелиоративии 2500 гектар (26%) заминҳо беҳтар гардонида шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №285 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба дарозии 1375 метр ва тариқи ҳашар ба дарозии 790 метр корҳо иҷро гардиданд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда аз ҷониби Агентӣ “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи Барномаи мазкур соли ҷорӣ азхуд намудани 1390 гектар заминҳои нави обёришаванда пешбинӣ шудааст.

Тибқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 343 адад АИО фаъолият доранд, ки ба майдони 468974,4 гектар заминҳои обёришаванда хизматрасонӣ менамоянд.  Аз ҷумла дар вилоятҳои Суѓд 175 адад АИО ба майдони 208193 гектар, Хатлон 134 адад АИО ба майдони 232029 гектар, ВМКБ 11 адад АИО ба майдони 1624,9 гектар, минтақаи Ҳисор 6 адад АИО ба майдони 10100 гектар ва минтақаи Душанбе 17 адад АИО ба майдони 17027,5 гектар хизмат расонида истодаанд.

Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ шумораи кормандони соҳа 5692 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истифодабарӣ 5586 нафар ва дар сохтмон 106 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёни моҳонаи кормандон дар ин давра 663 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҷаласа аз ҷониби ҳайати мушовара масъалаҳои рузмараи соҳа баррасӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, бо мақсади оғози бе монеаи мавсими обёрии соли 2022 масъулин дар семоҳаи дуюми соли 2022 муваззаф гардиданд, ки:

        -шабакаҳои обёриро ба мавсими обдиҳии соли 2022 пурра омода намоянд;

        -иҷрои пурраи нақшаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳоро таъмин намлянд;

        -ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва    заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо тадбирҳои зарурӣ андешиданд;

        -якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инчунин базаи моддӣ-техникии ташкилотҳои соҳа тадбирҳои судманд амалӣ намоянд;

        -якҷо бо Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба таври лозима маблаѓгузорӣ намудани Барномаҳои давлатии қабулгардида вобаста ба соҳа тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

Нашр шудааст: 15 Апрел 2022