Баргузории Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Агентӣ “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидорӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли оянда
Имрӯз дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Ҳайати Мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли оянда баргузор гардид.
Дар ҷаласа директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек, муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Лашкар, муовини якуми директори Агентӣ Зарифзода Хуршед, муовинони директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло ва Сафарзода Олим, инчунин роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд.
Нахуст Директори Агентӣ ҷаласаро кушода эълон намуда, барнома ва сархати мавзӯъҳои баррасишавандаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас тибқи барномаи ҷаласа муовини Директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар соли 2023 мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуданд, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дар маҳалбудаи он баҳри татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои вазифаҳои ба Агентӣ вогузоршуда дар самти таъмини кишоварзон ва дигар истифодабарандагон бо оби обёрӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соли 2023 корҳои муайянеро ба иҷро расониданд.
Дар ин давра Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 55280 истифодабарандагони об дар майдони 548273 гектар ё ин ки 100 фоизи нақша шартномаи тарафайни хизмати обрасонӣ ба имзо расонида, ба истифодабарандагони об ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҳаҷми 4 млрд. 226,5 млн.метри мукааб (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24,0 млн.метри мукааб зиёд) хизмати обрасонӣ намуданд, ки 99 фоизи он бо санад тасдиқ гардидааст.
Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар замин 7,8 ҳазор метри мукааб, аз он ҷумла дар вилояти Суғд 7,2 , вилояти Хатлон 8,5, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6,2 ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахщон 4,6 ҳазор метри мукааб об расонида шудааст.
Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои саривақт омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ, таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ ва инчунин пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон мусоидат менамояд.
Дар ин давра аз ҷониби истифодабарандагони об ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 40 млн. 885 ҳазор сомонӣ ё ин ки 51,0 фоизи арзиши оби додашуда пардохт карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 9,1 млн.сомонӣ камтар мебошад.
Бо вуҷуди он, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ӯҳдадориҳои шартномавии худро дар бобати обрасонӣ ба истифодабарандагон иҷро карда бошанд ҳам, аз ҷониби обистифодабарандагон, сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт карда намешавад, ки ин боиси афзоиш ёфтани қарзҳо аз ин ҳисоб гардидааст.
Бинобар сабаби аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар обистифодабарандагон сари вақт ва пурра пардохт накардани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ қарзҳои дебиторӣ 32 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, 243 млн.сомониро ташкил медиҳад, ки ин боиси афзоиш ёфтани қарзи андозҳо ва сари вақт пардохт нагардидани маблағи истифоди нерӯи барқ гардидааст.
Бинобар ин ба сардорони раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрии вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо сармуҳосибони идораҳоро супориш дода шуд, ки фаъолияташонро дар бобати рўёнидани қарзҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ва сари вақт ҳисоб баробар намудани қарзҳои кредиторӣ ва дар маҷмўъ барои беҳбуд бахшидани вазъи молиявии ташкилоту корхонаҳо чораҷӯӣ намоянд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ бо истифодаи 1 млрд 287 млн. кВт/соат нерўи барқ (нисбати соли гузашта 74,1 млн.кВт/соат камтар) бо арзиши 1224 млн. сомонӣ (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10,7 млн. сомонӣ зиёд) 5,0 млрд.метри мукааб (нисбати соли гузашта 1млрд метри мукааб зиёдтар) об бароварда шудааст.
Дар вилояти Суғд тавассути пойгоҳҳои обкашӣ бо истифодаи 814 млн.кВт/соат нерўи барқ (нисбати соли гузашта 32 млн.кВт/соат кам), 2,4 млрд.метри мукааб (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 610 млн. метри мукааб зиёд), дар вилояти Хатлон бо истифодаи 450 млн.кВт/соат нерўи барқ (нисбати соли гузашта 42,5 млн.кВт/соат кам) об бароварда шудааст.
Дар мавсими обёрӣ дар маҷмўъ 130 маротиба аз ҷумла, 63 маротиба аз ҳисоби қатъшавии барқ, 46 маротиба аз ҳисоби пасту баландшавии шиддат бо сабаби қатъ гардидани нерўи барқ пойгоҳҳои обкашӣ аз фаъолият боз монданд ва ин раванд ба таъминоти саривақтии истифодабарандагон бо оби полезӣ таъсири манфӣ расонида, ба пойгоҳҳои обкашӣ ва дастгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 1,1 млн.сомонӣ зарар расонида шудааст.
Бинобар сабаби ба итмом расидани мавсими обёрии соли ҷорӣ ва истифодаи тарифҳои имтиёзноки нерўи барқ аз 01 октябр фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ, ба ғайр аз пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ ва чоҳҳои мелиоративӣ қатъ карда шуданд.
Дар ин давра пардохти нерўи барқи истифодашуда дар ҷумҳурӣ 24, млн. сомонӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон 13,5 млн. сомонӣ, минтақаи Душанбе 206 ҳазор сомонӣ ва минтақаи Ҳисор 165,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо аз истифодаи нерўи барқи пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо ҳисоби афзоиш 98,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки 67 фоизи он (66 млн.сомонӣ) ба вилояти Суғд рост меояд.
Ҷудо гардидани 467 230 608 (чорсаду шасту ҳафт миллиону дусаду си ҳазору шашсаду ҳашт) сомонӣ ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими уҳдадориҳои молиявӣ дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» аз ҳисоби маблағҳои депозитии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равона кардани 30 фоизи маблағи аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ воридшаванда ба Агентӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, № 142 ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳа мебошад.
Бо мақсади иҷрои саривақтии қарори мазкур ва иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ вобаста ба гузариш ба пардохти ғайринақдӣ дар идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда, якҷо бо бонки давлатии амонатгузорӣ “Амонатбонк” ҷудо намудани постерминалҳо ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд. Инчунин, бо ин мақсад ҷиҳати шафофияти ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби мутахассисон якҷо бо барномасозон таҳияи барномаи Биллингӣ оғоз гардидааст.
Айни замон дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барномаҳои давлатии соҳавии «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», “Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” ва «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» мавриди амал қарор доранд.
Аз ҷумла, дар доираи Барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» соли равон беҳтар гардонидани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 9600 гектар замин ба маблағи 10,0 млн.сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои зертобеи Агентӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 9,0 млн. сомонӣ (90 фоизи нақшаи солона) корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонида, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 7204 гектар заминҳо (75 фоизи нақшаи солона) беҳтар карда шудааст.
Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ 3310 гектар ба маблағи 3,4 млн. сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 2075 гектар ба 1,8 млн.сомонӣ, буҷети мутамарказ 56 гектар 38 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби хоҷагиҳо 1568 гектар 3,3 млн.сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳо 122 гектар 412 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об 72 гектар 5 ҳазор сомонӣ беҳтар карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрӣ (Назифов Ш.) ва МД «Назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи об» (Аслов Т.) камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, дар ҳамбастагӣ бо Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар муҳлати кўтоҳтарин барномаи навро барои 5 соли оянда таҳия ва тибқи тартиби муқараргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №186 «Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025» дар соли 2023 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 50770,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 18960,0 метр, аз он ҷумла аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ 49390,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 16770,0 метр ва аз ҳисоби хизмати обрасонӣ ба маблағи 1380,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 2190,0 метр пешбинӣ карда шуда, дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо ба маблағи 28,9 млн.сомонӣ (57 фоиз) ба дарозии 19700,0 метр (104 фоиз) иҷро гардидааст.
Дар доираи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” соли ҷорӣ бояд дар ҷумҳурӣ 1547 гектар заминҳои нав, аз ҷумла 97 гектар дар ВМКБ, 1200 гектар дар вилояти Суғд, 100 гектар вилояти Хатлон ва 150 гектар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ азхуд карда, 480 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, аз ҷумла 80 гектар дар ВМКБ, 300 га дар вилояти Суғд ва 100 га дар вилояти Хатлон бояд барқарор карда шаванд.
Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ асосан дар вилояти Суғд 160 гектар замини нав азхуд карда шуда, аз ҳисоби заминҳои боир ва холимонда 73 гектар, аз ҷумла 12 гектар дар вилояти Суғд ва 61 гектар дар вилояти Хатлон заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд
«Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки моҳи июни соли ҷорӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ қабул гардид барои таъмини фаъолияти устувори низоми обтаъминкунӣ дар минтақаи обёрии мошинӣ ва дар ин замина пешгирии хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзӣ дар масоҳати 99 ҳазор гектар ва ҳамзамон барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқӣ, сулулҳо ва хатти интиқоли барқ мусоидат хоҳад кард.
Барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ се лоиҳаҳои сармоягузорӣ «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон», «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» ва Лоиҳаи «Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш» татбиқ шуда истодаанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона карда шудаанд.
Тибқи маълумотҳо бо истифода аз техникаву механизмҳои мавҷуда дар давраи ҳисоботӣ барои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва дигар чорабиниҳои дахлдор дар ҳаҷми 3,4 млн. метри мукааб корҳои заминӣ иҷро карда шуда, ба воситаи нақлиёти боркаш 58 ҳазор тонна бор кашонида шудааст.
Вале самаранокии кори техникаву механизмҳо, хусусан фаъолияти корхонаҳои механиконидашудаи зудамал беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд. Дар фаъолияти корхонаҳои механиконидашудаи зудамали вилоятҳои Хатлон ва Суғд камбудию норасоиҳои зиёд ҷой доранд, ки мо онро соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои тирамоҳӣ-зимистонӣ эҳсос намудем.
Бинобар ин шўъбаи механизатсия ва нақлиёти Агентӣ (Шарипов Н.) ва роҳбарони корхонаҳои зертобеъ вазифадор гардиданд, ки истифодаи техникаву механизмҳоро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати самаранок истифода бурдани онҳо ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 353 адад Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият менамояд, ки ба 417,4 ҳазор гектар ё тақрибан 56 фоизи заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.
Дар ин давра аз ҷониби АИО ба маблағи 25,3 млн.сомонӣ (49 фоизи арзиши оби гирифташуда) ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст. Бақияи қарзи умумии ҳаққи хизмати обрасонӣ 140 млн.сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин норасоии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва об (10 фоиз) дар байни роҳбарони АИО, норасоии техника дар АИО барои таъмир ва нигоҳдории иншооти обёрӣ мушкилот дар фаъолияти АИО мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ барои ба низом даровардани корҳои назоратӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш оиди муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ дар роҳҳо нақшаи чорабиниҳо ва фармону дастурамалҳои Агентӣ таҳия ва ба идораю корхонаҳои зертобеъ равона карда шуда, иҷрои он таҳти назорати қатъи гирифта шуд. Дар ин давра ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта нашудааст.
Ба роҳбарони ташкилот ва корхонаҳои зертобеи Агентӣ супориш дода шуд, ки қонунҳои муҳофизати меҳнат, ҳаракати роҳ, бехатарӣ аз сўхтор ва дигар қоидаву меъёрҳои амалкунандаи ин мавзўро бештар омухта, риояи онҳоро дар ҷойҳо таъмин намоянд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар сохторҳои Агентӣ 5774 нафар кормандон аз ҷумла, дар соҳаи истифодабарӣ 5679 нафар ва дар сохтмон 95 нафар бо музди миёни моҳонаи меҳнат 850 сомонӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» тадбирҳои мушаххас андешида шуда, аз 13 адад муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ, 93 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва 36 адад муроҷиатҳои шифоии ворид гардида, мутаносибан 13, 89 ва 36 адади он ҳалли худро ёфта, ба муаллифон ҷавоб гардонида шуданд ва 4 адади онҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Қабули шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муроҷиати онҳо аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ дар доираи салоҳият ва ваколат арзёбӣ карда мешаванд.
Дар ин давра ба дастгоҳи Агентӣ 1440 адад асноди гуногун дохил гардида, қисмати зиёди онҳо ба иҷро расонида шудааст.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди назар қарор дошта оид ба иҷрои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби Дастгоҳи Марказии Агентӣ оид ба иҷрои асноди воридшуда ба ташкилотҳои болоӣ ва корхонаву идораҳои зертобеъ 1403 адад аснод ва 100 адад Фармоишҳои қабулгардидаи Агентӣ ирсол гардидааст.
Дар баробари пешрафт дар фаъолияти Агентӣ ва сохторҳои он норасоӣ ва мушкилоти зиёде ҷой доранд, ки ҳалли онҳо барои рушди соҳа мусоидат менамояд.
Тибқи нақша ба таври зарурӣ ҷудо нагардидани маблағҳо барои иҷроиши Барномаҳои давлатии бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, нокифоя будани маблағҳо барои нигаҳдошти саддҳову обгардонҳо ва дигар иншооти зидди обхезии мавҷуда, ки аксари онҳо фарсуда ва корношоям гардидаанд, кўҳна ва фарсуда гардидани бинои пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти соҳаи обёрӣ, ба таври ҷиддӣ эҳсос кардани норасоии техникаву механизмҳои муосири заминкан, саривақт пардохт нагардидани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ, номгўи нопурраи мушкилотҳои ҷойдошта мебошанд.
Фаъолияти босуботи Агентӣ ва ташкилоту корхонаҳои зертобеи он ба қобилияти ташкилотчигӣ ва кордонии кадрҳои роҳбарикунандаи раёсатҳо ва идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва фаъолияти раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи Марказии Агентӣ вобастагӣ доранд.
Бинобар ин роҳбарони идораю муассисаҳо ва корхонаҳои зертобеи Агентӣ ӯҳдадор гардиданд, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва интизоми иҷроияро баланд бардошта, оид ба беҳтар гаштани вазъи соҳа таҳлилҳои амиқ гузаронида, барномаҳои кўтоҳмуҳлат ва миёнамўҳлатро таҳия ва татбиқи амалии онҳоро таъмин намоянд.
Вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ барои семоҳаи чорум ин бо муваффақият ҷамъбаст намудани соли хоҷагии 2023, таъмини иҷрои нақшаҳои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ ҷиҳати ба мавсими нави обдиҳии соли 2024 омодасозии шабакаҳои обёрӣ мебошанд.
Таъмини иҷрои нақшаву вазифаҳои дар назди Агентӣ истода аз кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад.
Аз фурсат истифода бурда аз номи роҳбарият ва кормандони соҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва кўмаки пайваста ва ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, барои ҳамкории муфид изҳори миннатдорӣ изҳор карда шуд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки вазифаҳои дар назди соҳаи гузошташуда иҷрошаванда буда, дар амалӣ намудани онҳо ҳар як корманд ва ташкилоту муассисаҳои Агентӣ саҳм мегузоранд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби сардори Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ, молия ва ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ Воҳидов Абуалӣ вобаста ба иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №142 “Дар бораи солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оид ба бартараф намудани камбудиҳо ва ҷорӣ намудани системаи биллингӣ ва пардохти ғайринақдии ҳаққи хизмати обрасонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суханронӣ гардид. Инчунин, ҳисоботҳои сардорони раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрии вилоятҳои Суғд ва Хатлон, раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрии минтақаҳои Душанбе ва Ҳисор ва Шуъбаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ВМКБ шунида шуда, тамомои масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини фаъолияти устувори соҳа аз ҷониби Ҳайати мушовара Агентӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд аз ҷумла:
- бо истифода аз захира ва имконоти мавҷуда таъмини иҷрои пурраи нақшаи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 ва то 20.01.2024 гузаронидани мониторинг ва арзёбии раванди иҷроиши он”;
- таъмини иҷрои пурраи нақшаи Барномаи сармоягузорӣ барои бо таҷҳизотҳои муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027;
- таъмини иҷрои нақшаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо;
- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо;
- амалӣ намудани талаботҳои ба Агентӣ дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №142 “Дар бораи солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва то 20.11.2023 пешниҳод намудани иттилоот оид ба раванди иҷроиши он;
- амалӣ намудани тадбирҳои судманд якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инчунин базаи моддӣ-техникии ташкилотҳои соҳа;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ барои солҳои 2024-2028»;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш бо Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба таври лозима маблағгузорӣ намудани Барномаҳои давлатии қабулгардида вобаста ба соҳа.
Назорати иҷрои супоришҳои мазкур ба зиммаи муовинони Директор ва дигар масъулин вогузор карда шуд.