Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории Ҷаласаи Ҳайати Мушовара Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021

Сана 16 апрели соли 2021 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Ҳайати Мушовара “Дар  бораи   натиҷаҳои  фаъолияти  истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо,  корхонаҳо ва  муассисаҳои зертобеъи Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи ояанда” баргузор гардид.

Дар кори Ҷаласа Директори Агентӣ Холмурод Раҳмон, муовини якуми Директор Сироҷиддинзода Баҳриддин, муовини Директор Ҳасанзода Ҳомид, муовини Директор Ҷумазода Сабур, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат, роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ бевосита ширкат варзиданд.

Нахуст, муовини якуми Директори Агентӣ Сироҷиддинзода Баҳриддин «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар семоҳаи сипаригардидаи соли 2021 ва вазифаҳо барои  семоҳаи дуюми соли 2021» суханронӣ намуданд.

Зимнан, ҳисоботҳои роҳбарони зерсохторҳои Агентӣ аз ҷумла, Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаҳои Ҳисор, Душанбе, Шуъба беҳдошти замин ва обёрӣ дар ВМКБ ва Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру нохияҳо шунида шуда, мавриди таҳлил ва баррасии роҳбарияти Агентӣ қарор гирифт.

Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаҳои Ҳисор, Душанбе, Шуъба беҳдошти замин ва обёрӣ дар ВМКБ ва Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки:

- дар ҳамкори бо Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҷиҳати пардохти саривақтии ҳаққи хизмати обрасонӣ ва дар ин замина кам кардани қарзҳои дебиторию кредиторӣ чораҳо андешида, иҷрои Фармони Агентиро дар хусуси ба андозаи 10 фоиз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ  ба суратҳисоби Агентӣ гузаронидани маблаѓҳоро  таъмин намоянд;

- хароҷоти маблаѓҳои воридгардидаи ҳаққи хизмати обрасониро тибқи фармоиши Агентӣ аз 17 августи соли 2015, № 84  ба роҳ монда, аз натиҷааш ҳар моҳ ахборот диҳанд;

- дар муҳлати то 1 майи соли 2020  шартномабандиро бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар истифодабарандагон барои обрасонӣ пурра анҷом диҳанд;

- корҳои омодасозии шабакаҳои обёрӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудиро ба мавсими обдиҳӣ  то 25 апрел анҷом дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани таъминоти кишоварзон ва дигар истифодабаран- дагон бо оби обёрӣ  чораҳои зарурӣ андешанд;

- дар доираи қонунҳои амалкунанда ҷиҳати руёнидани маблаѓҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намояд;

- иҷрои қарор Ҳайати мушовараи Агентиро дар мавриди ҷоннок намудани кори хоҷагиҳои ёрирасони идораву муассисаҳо ва корхонаҳои зертобеи Агентӣ ва ба онҳо вобаст намудани то 10 га замин таъмин намоянд.

Ҳамзамон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкориро дар ҳудуди идораву муассиса ва сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат бахшида, барои ташкили чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар фарҷом, аз натиҷаи Ҷаласа  қарори дахлдор қабул гардида, ҷиҳати таъмини устувори оби полезӣ ба обистифодабарандагон ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуд.

 

Нашр шудааст: 17 Апрел 2021