Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамоиши ҷавонони соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ

Имрӯз 25.08.2021 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳамоиши ҷавонони соҳа ба ифтихори 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   зери унвони «Нақши ҷавонон - дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо!» бо иштироки Директори Агентӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Назарзода Ризо Шоди, муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ҷумазода Сабур Ҷамол, сардорони раёсату шуъба ва бахҳои Дастгоҳи марказии Агентӣ ва ҷавонони Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои дар шаҳри Душанбе қарордошта доир гардид.

Нахуст Директори Агентӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон, ташрифи меҳмононро ба Агентӣ хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки имрӯз ҷавонон ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созанда эътироф гардида, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳамеша ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , мyҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ташаббусу иқдоми онҳоро мунтазам дастгирӣ менамоянд.

Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат дар мулоқоти навбатиашон бо намояндагони ҷавони кишвар, ки моҳи майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, таъкид доштанд, ки: «Мо, ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардаем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрўз ба онҳо такя менамоем».

Дар ҳақиқат бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург - ҷавонони бонангу номуси кишвар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Фикр мекунам, баргузории ҳамоиши имрӯза барои амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои неки ҷавонон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар охири суҳбат аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хонаи обод ва барору комёбиҳои навро таманно намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ҷумазода Сабур Ҷамол ва муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Назарзода Ризо Шоди низ суханронӣ намуда оид ба дастовардҳои ҷавоно дар тули 30 соли истиқлолият ёдрас шуда, ҳамзамон ҷавононро ба созандагиву бунёдкорӣ ва муттаҳидиву худогоҳии миллӣ ҳидоят намуданд.

Дар баробари раёсат аз ҷониби ҷавонони фаъоли ҳамоиш низ суханрониҳо оид ба фаъолияти ҷавонони соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ шунида шуда, маълумот аз таҷрибаву машғулиятҳои корӣ, таълимӣ, бозомузӣ, варзишӣ ва ободонӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин гардонида шуд.

Дар фарҷом ба ҷавонони фаъоли соҳа барои иштироки  фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Нашр шудааст: 25 Август 2021