Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022

Имруз, 06 январи соли 2022 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои се моҳи оянда баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат, муовини директори Агентӣ Ҷумазода Сабур, муовини директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло ва роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд.

Тибқи барномаи ҷаласа муовини директор Зуҳурзода Баҳрулло натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар соли 2022 мавриди таҳлил қарор дода, чунин дарҷ намуданд:

“Тибқи таҳлилҳо, Агентӣ ва зерсохторҳои он ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133  “Дар   бораи   сари  вақт   омода   намудани   соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” корҳои омодасозии шабакаҳои обёриро тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба роҳ монда, дар соли 2022 нақшаҳои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ 1334 ҳазор м3, заҳбуру заҳкашҳо 1352 ҳазор  м3, таъмири иншоотҳои гидротехникӣ 376 адад, бинои пойгоҳҳои обкашӣ 5 адад, дастгоҳҳои обкашӣ 519 адад, чоҳҳои амудӣ 49 адад, зеристгоҳҳои барқӣ 84 адад, трансформаторҳо 145 адад, сулулҳо 545 адад, хатҳои барқӣ 30,6 км ва танзими сарбандҳо ба маблағи 9,0 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуд.

Инчунин, соли ҷорӣ идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 62540 истифодабарандагони об, дар майдони  548561 гектар шартнома ба имзо расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 206 гектар зиёд мебошад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи дархост ва талабот ба истифодабарандагони об дар ҳаҷми 4226,2 млн.м3  об расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 36,8 млн.м3 зиёд мебошад.

Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар мӯҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ мусоидат менамояд. Бо ин мақсад, аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра 86% - и ҳаҷми умумии маблағи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст.

Аз сабаби саривақт пардохт нагардидани ин маблағҳо қарзи обистифодабарандагон дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо афзуда, ба ҳолати 1 октябри соли 2022 бо дарназардошти солҳои пешин 170,6 млн.сомониро ташкил медиҳад. Ин раванд боис мегардад, ки қарзҳои дебиторию кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ афзоиш ёбад. 

Бо мақсади рӯёнидани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии  шаҳру ноҳияҳо  ба  мақомоти суду  прокуратура   ба маблағи 41,4 млн. сомонӣ мавод пешниҳод гардида, аз ин ба маблағи 14,0 млн. сомонӣ рӯёнида шудааст ва боқимонда маводҳо дар ҷараёни баррасӣ қарор доранд. Бояд қайд намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 24,7 млн. сомонӣ бештар ҳуҷҷати даъвогӣ пешниҳод гардида, 6,6 млн. сомонӣ маблағ зиёд ситонида шудааст.

Илова бар ин ҷиҳати дарёфти механизми самарабахши ҷамъоварӣ ва пардохти маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ мутахассисони соҳа чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла бо мақсади таъмини шаффофият ва дақиқ намудани нишондиҳандаҳои  ҳаҷми  оби   дастрасшуда    ва    пардохти    маблағҳои  ҳаққи хизмати обрасонӣ дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ зина ба зина ба шакли ғайринақдӣ ва тавассути системаи биллинг ҷорӣ гардида истодааст.

Баҳри иҷрои яке аз вазифаҳои муҳими соҳа, яъне беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018 таҳти №374 ва фармоиши Агентӣ аз 8 январи соли 2019, №2, дар соли 2022 ҳолати мелиоративии 10577 гектар (109%) заминҳо беҳтар гардонида шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №285 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба дарозии 50523 метр (198%) корҳо иҷро гардиданд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 қабул гардидааст, соли ҷорӣ азхуд намудани 1390 гектар заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда пешбинӣ шуда, аз ҷараёни иҷрои корҳо ҳар сол то санаи 1 феврал натиҷагирӣ карда мешавад.

Тибқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 362 адад АИО фаъолият доранд, ки ба майдони 439885 гектар заминҳои обёришаванда хизматрасонӣ менамоянд.  Аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд 190 адад АИО ба майдони 203081 гектар, Хатлон 137 адад АИО ба майдони 203437 гектар,  ВМКБ 11 адад АИО ба майдони 1646,9 гектар, минтақаи Ҳисор 6 адад АИО ба майдони 5975, гектар ва минтақаи Душанбе 18 адад АИО ба майдони 17027,5 гектар хизмат расонида истодаанд.

Дар ин давра шумораи кормандони соҳа 5834 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истифодабарӣ 5588 нафар ва дар сохтмон 246 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёни моҳонаи кормандон дар ин давра 880 сомониро ташкил медиҳад.”

Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботҳои таҳлилии сардори Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Абдуллозода А. ва муовини сардори Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон Давлатов Ф. шунида шуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек вобаста ба масъалаҳои пардохти саривақтии андозҳои давлатӣ, музди меҳнати кормандон ва ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ диққати ҷиддӣ равона гардид.

Дар маҷмӯъ аз ҷониби ҳайати мушовара масъалаҳои рузмараи соҳа баррасӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, бо мақсади омода намудани инфрасохтори обёрӣ ба мавсими обёрии соли 2023 масъулин дар семоҳаи минбаъда муваззаф гардиданд, ки:

- тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 таъмин намудани иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2022 - 2023 барои омодасозии иншооти обёрӣ ба мавсими обёрии соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- таъмини иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи барномаҳои соҳавӣ аз ҷумла“Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” ва нақшаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо;

- Роҳандозӣ намудани роҳу воситаҳои самарабахш дар самти шартномабандии доду гирифти оби полезӣ миёни идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо;

- якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани тадбирҳои судманд вобаста ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инчунин базаи моддӣ-техникии ташкилотҳои соҳа;

- ҷиҳати беҳтар намудани фаолияти системаи биллинг тарзи корбарии системаи мазкур аз ҷониби масъулин аз нав бозбинӣ карда шавад;

- бо мақсади тақвият додани раванди гузариш ба усули ғайринақдии пардохти хизмати обрасонӣ тавассути системаи биллингӣ аз ҷониби идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Нашр шудааст: 06 Январ 2023