Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили 31 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи касбии мелиораторон

Имрӯз дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи дохили идоравӣ 31 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи касбии мелиораторон ҷашн гирифта шуд.

Дар чорабинӣ дастархони идона оросташуда, ҳайати роҳбарият ва кормандону мутахассисони Дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд. Нахуст Директори  Агентӣ ҳозиринро ва дар симои онҳо тамоми мутахассисон ва таҷрибадорони соҳаро бо 31 солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи касбии мелиораторон табрик гуфта ба онҳо тансиҳатӣ рузгори обод ва дар партави сулҳу суботи сиёсӣ зиндагӣ ва кору фаъолият намуданро орзу намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарият як қатор мутахассисони фаъоли соҳа барои хизматхои шоиста дар рушди соҳаи бехдошти замин ва обёрӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Нашр шудааст: 08 Сентябр 2022