Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили 25 умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рузи 05.11.2019 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифта шуд. Дар ин чаласаи тантанави роҳбарон ва кормандони соҳа ширкат варзида, оид ба ин руйдоди муҳимтарини таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар суханрониҳо намуданд.

Нахуст Директори Агентӣ - Холмурод Раҳмон хозиринро бо ин санаи тақдирсоз табрик намуда онхоро ба гиромидошт ва таъмини волоияти конун дар хама чанбаҳои кору ҳаёт даъват ба амал оварданд.

Инчунин дар рафти ин чорабинии кушод хозирин оид ба раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва аҳамияти он ба рушди ҷомеаи Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Хамзамон таманиётҳои кормандони Агентӣ чиҳати гиромидошти арзишҳои волои ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсозу таърихӣ, ки таҳкимбахши давлату давлатдории мустақили Тоҷикистон ва кафолати зиндагии орому осудаи мардуми шарифи он мебошад шунида шуд.

Нашр шудааст: 04 Ноябр 2019