Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории нишасти матбуотӣ дар бораи ҷамъбасти фаъолияти соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар соли 2023 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ

Имруз 01.02.2024

дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишасти мазкур  мутобиқи Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4 марти соли 2015, №АП -1677 дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2023, №20/10-249 ва ҷадвали тасдиқ гардидаи дахлдор ба нақша гирифта шуда буд.

Дар Нишасти имруза Директори Агентӣ – Давлатзода Зафарбек, Муовини якуми Директор – Зарифзода Хуршед, Муовини Директор – Зуҳурзода Баҳрулло, Муовини Директор – Сафарзода Олим, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи Марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО) аз ҷумла, Агентии миллии иттилоотӣ “Ховар”, МД Телевизеонҳои Тоҷикистон, Ҷаҳоннамо, Синамо, газетаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Халқ овози” ҳафтаномаи “Минбари халқ”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Дейджест пресс”, маҷалаи “Илм ва ҳаёт”, рузномаи “Пайк”, “Имруз нюс”, сомонаи “Оила тҷ”, радиоҳои “Садои Душанбе”, “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Паёми Душанбе” ва дигарон дар маҷмӯъ 56 нафар ширкат варзиданд.

Нахуст, Директори Агентӣ намояндагони ВАО – ро барои ташрифашон ба Агентӣ хушомадед гуфта, ба ҳозирин дар бораи дастовардҳо ва нақшаву ҳадафҳои ояндаи соҳа маълумот доданд.

Ҳамзамон маълумоти муфассали таҳлилӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2023 аз ҷониби Директор ва Муовини Директор ба самъи ВАО расониданида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ намояндагони ВАО озодона саволҳои худро аз роҳбарияти Агентӣ пурсон намуда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. 

Нашр шудааст: 01 Феврал 2024