Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидорӣ дар 9 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои се моҳи оянда

Имрӯз дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳайати мушовара “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентӣ дар 9 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои се моҳи оянда баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Агентӣ Давлатзода Зафарбек, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини якуми директори Агентӣ Зарифзода Хуршед, муовинони директори Агентӣ Зуҳурзода Баҳрулло ва Сафарзода Олим, инчунин роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Агентӣ ширкат варзиданд. 

Нахуст Директори Агентӣ ҷаласаро кушода эълон намуда, барнома ва сархати мавзӯъҳои баррасишавандаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас тибқи барномаи ҷаласа муовини якуми Директори Агентӣ Зарифзода Хуршед натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои зертобеи Агентиро дар давраи 9 моҳи соли 2024 мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуданд, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дар маҳалбудаи он баҳри татбиқи сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошта оид ба таъмини кишоварзон ва дигар истифодабарандагон бо оби обёрӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар 9 моҳи соли равон корҳои муайянеро анҷом доданд.

Дар ин давра Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 75292 истифодабарандагони об дар майдони 524410 гектар ё ин ки 100 фоизи  нақша шартномаи тарафайни хизмати обрасонӣ ба имзо расонида, ба истифодабарандагони об ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҳаҷми дар ҳаҷми 3,73 млрд.м3 хизмати обрасонӣ намуданд.

Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои саривақт омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ, таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ ва инчунин пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон мусоидат менамояд.

Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар мўҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ мусоидат менамояд. Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи 35,0 млн.сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст. Аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 19,3 млн.сомонӣ, Суғд 9,8 млн. сомонӣ ва ноҳияҳои  тобеи  марказ  5,9 млн. сомонӣ мебошад.

Бо вуҷуди он, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ӯҳдадориҳои шартномавии худро дар бобати обрасонӣ ба истифодабарандагон иҷро карда бошанд ҳам, аз ҷониби обистифодабарандагон, сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт карда намешавад, ки ин боиси афзоиш ёфтани қарзҳо аз ин ҳисоб гардидааст.

Бинобар ин ба сардорони раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрии вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо сармуҳосибони идораҳоро супориш дода шуд, ки фаъолияташонро дар бобати рўёнидани қарзҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ва сари вақт ҳисоб баробар намудани қарзҳои кредиторӣ ва дар маҷмўъ барои беҳбуд бахшидани вазъи молиявии ташкилоту корхонаҳо чораҷӯӣ намоянд.

Истифодаи нерўи барқ дар нуҳ моҳи моҳи соли ҷорӣ 1068,4 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 218,5 млн. кВт/соат кам ва арзиши барқи истифодашуда дар ин давра 115,7 млн. сомонӣ, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 млн. сомонӣ кам мебошад, ташкил медиҳад. Пардохти истифодаи нерўи барқ дар давраи ҳисоботӣ 36,1 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қарзи корхонаҳои зертобеи Агентӣ дар ин давра аз ҳисоби истифодаи нерўи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» 177,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

 

Баҳри иҷрои яке аз вазифаҳои муҳими соҳа, яъне беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, соли 2024 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024, №137 ва фармоиши Агентӣ аз 14 марти соли 2024, №24  беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9811 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 10,3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ба маблағи 6,0 млн. сомонӣ  ҳолати мелиоративии 6009 гектар заминҳо беҳтар гардонида шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ бо маблағи 1,8 млн. сомонӣ майдони 1862 гектар, буҷети маҳаллӣ бо маблағи 0,7 млн. сомонӣ майдони 1037 гектар, аз ҳисоби  хоҷагиҳои деҳқонӣ бо маблағи 1,7 млн. сомонӣ майдони 1662 гектар замин ва аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо маблағи 1,5 млн. сомонӣ майдони 1276 гектар, аз ҳисоби шарикони рушд бо маблағи 0,2 млн. сомонӣ майдони 56 гектар замин ва аз ҳисоби АИО бо маблағи 0,1 млн. сомонӣ майдони 116 гектар замин ҳолати мелиоративии заминҳо беҳ гардонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №186 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар соли 2024 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 86179,5 ҳазор сомонӣ ба дарозии 36065 метр, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамарказ 9380,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 4800 метр, маблағҳои ғайрибуҷетӣ 62660,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 20470 метр, буҷети маҳаллӣ 12711,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 8541 метр ва аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизматрасонии об ба маблағи 1428,5 ҳазор сомонӣ ба дарозии 2254 метр пешбинӣ карда шудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 38632,9 ҳазор сомонӣ ба дарозии 23852 метр, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети муттамарказ ба маблағи 9257,4 ҳазор сомонӣ ба дарозии 2417 метр, маблағҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 993,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 1340 метр, буҷети маҳаллӣ ба маблағи 27135,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 2650 метр, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 590,5 ҳазор сомонӣ ба дарозии 5114 метр ва ба тариқи ҳашар ба маблағи 657,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 12331 метр корҳо иҷро гардиданд.

Қобили зикр аст, ки  бо мақсади васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда дар доираи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 тасдиқ гардидааст, азхуд намудани 3410 гектар заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 900 гектар заминҳои бекорхобида ба нақша гирифта шуда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 1721 гектар (50%) замини нав азхуд карда шуда, 152 гектар замин (17%) ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шуданд ва корҳо дар ин самт ҷараён доранд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои корҳои сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ 20,4 млн.сомонӣ азхуд гардидааст, ки 89% -и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. 

Дар доираи «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2023, №226 қабул гардидааст, аз ҳисоби маблағҳои институтҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба маблағи 41141,0 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуданд, ки 48 % -и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон бо мақсади андешидани тадбирҳо вобаста ба  фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, маблағҳои бахши хусусӣ ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, азнавсозӣ ва барқарорсозии иншоотҳои гидротехникӣ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, обтаъминкунии устувор ба истифодабарандагони об ва рафъи обҳои заҳбуру заҳкаш, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, коҳиш ва пешгири намудани хавфи офатҳои табиӣ марбут ба об, такмили ихтисоси кадрҳои соҳавӣ ва ҷалби кадрҳои ҷавон ба соҳа, дастрас намудани мошину механизмҳои махсуси соҳавӣ, ҷорӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ, гузариш ба идоракунии захираҳои об дар сатҳи ҳавзаҳо ва зерҳавзаҳо дар низоми беҳдошти зами ва обёрӣ, таъмини рушди ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ҷорӣ намудани системаҳои иттилоотии фазоӣ, рақамӣ ва махзани маълумотӣ дар соҳа, такмил ва таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, рушди институтсионалии идоракунии захираҳои об дар низоми беҳдошти замин ва обёрӣ ва дар ин замина барои беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024,№ 327 қабул гардида, корҳо тибқи нақшаи амали Барнома дар соли 2024 оғоз гардидаанд.

Барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 182,3 млн. доллари ИМА  фаъолият намуда истодаанд, аз ҷумла лоиҳаҳои “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон”, «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» ва лоиҳаи “Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш” ва “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон”.

Созмондиҳӣ ва рушди ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар доираи ислоҳоти соҳаи об идома дорад. Тибқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 241 адад АИО фаъолият доранд, ки ба майдони 477722 гектар заминҳои обёришаванда хизматрасонӣ менамоянд. Аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд 94 адад АИО ба майдони 206298 гектар, Хатлон 122 адад АИО ба майдони 246104  гектар, ВМКБ 10 адад АИО ба майдони 1744 гектар, минтақаи Ҳисор 3 адад АИО ба майдони 6045 гектар ва минтақаи Душанбе 12 адад АИО ба майдони 17532 гектар хизмат расонида истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои ба низом даровардани корҳои назоратӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш оиди муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ дар роҳҳо нақшаи чорабиниҳо ва фармону дастурамалҳои Агентӣ таҳия  ва ба идораю корхонаҳои зертобеъ равона карда шуда, иҷрои он таҳти назорати қатъи гирифта шуд. Дар ин давра ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта нашудааст.

Ба роҳбарони ташкилот ва корхонаҳои зертобеи Агентӣ супориш дода шуд, ки қонунҳои муҳофизати меҳнат, ҳаракати роҳ, бехатарӣ аз сўхтор ва дигар қоидаву меъёрҳои амалкунандаи ин мавзўро бештар омухта, риояи онҳоро дар ҷойҳо таъмин намоянд.

Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ шумораи кормандони соҳа 5585 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истифодабарӣ 5486 нафар ва дар сохтмон 99 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёнаи моҳонаи кормандон дар ин давра 934 сомониро ташкил медиҳад.

Фаъолияти босуботи Агентӣ ва ташкилоту корхонаҳои зертобеи он ба қобилияти ташкилотчигӣ ва кордонии кадрҳои роҳбарикунандаи раёсатҳо ва идораҳои  беҳдошти замин ва обёрӣ дар  вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва фаъолияти  раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи Марказии Агентӣ  вобастагӣ доранд.

Бинобар ин роҳбарони идораю муассисаҳо ва корхонаҳои зертобеи Агентӣ ӯҳдадор гардиданд, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва интизоми иҷроияро баланд бардошта, оид ба беҳтар гаштани вазъи соҳа таҳлилҳои амиқ гузаронида, барномаҳои кўтоҳмуҳлат ва миёнамўҳлатро таҳия ва татбиқи амалии онҳоро таъмин намоянд.

Вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ барои семоҳаи чорум ин бо муваффақият ҷамъбаст намудани соли хоҷагии 2023, таъмини иҷрои нақшаҳои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда,  барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва  беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ ҷиҳати ба мавсими нави обдиҳии соли 2024 омодасозии шабакаҳои обёрӣ мебошанд.

Таъмини иҷрои нақшаву вазифаҳои дар назди Агентӣ истода аз кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ  бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад.

Аз фурсат истифода бурда аз номи роҳбарият ва кормандони соҳа ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва кўмаки пайваста ва ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, барои ҳамкории муфид изҳори миннатдорӣ изҳор карда шуд.  

Бо итминони комил метавон гуфт, ки вазифаҳои дар назди соҳаи гузошташуда иҷрошаванда буда, дар амалӣ намудани онҳо ҳар як корманд ва ташкилоту муассисаҳои Агентӣ саҳм мегузоранд.

Дар фарҷом ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини фаъолияти устувори соҳа аз ҷониби Ҳайати мушовара Агентӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд аз ҷумла:

- бо истифода аз захира ва имконотҳои мавҷуда таъмини иҷрои пурраи нақшаи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”;

- таъмини иҷрои нақшаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо;

- амалӣ намудани талаботҳои ба Агентӣ дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №142  “Дар бораи солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

Назорати иҷрои супоришҳои мазкур ба зиммаи муовинони Директор ва дигар масъулин вогузор карда шуд.

Нашр шудааст: 11 Октябри 2024