Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019

9 январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Агентӣ оид ба натиҷагири аз фаъолият дар соли 2019 ва вазифаҳо барои бо муваффақият анҷом додани соли хоҷагии 2020 доир гардид.

Дар ҷаласа Директори Агентӣ - Холмурод Раҳмон, Муовини якуми Директор - Курбонзода А., Муовини Директор - Ҳасанзода Ҳ.У. ва сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам - Холзода Бобишо инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои Агентӣ, роҳбарони тамоми ташкилот ва корхонаҳои зертобеи Агентӣ, директорони марказҳои татбиқи лоиҳаи назди Агентӣ, ширкат варзиданд. 

Дар ҷараёни ҳамоиш Директори Агентӣ Холмурод Раҳмон натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои Агентиро  дар соли 2019 мавриди таҳлил амик карор доданд. Хамзамон барои бомуваффақият оғоз намудани соли хоҷагии 2020 дастуру супориш ва вазифаҳо ба масъулон дода шуданд.

Холмурод Раҳмон қайд намуданд, ки Агентӣ ва зерсохторҳои он баҳри татбиқи амалии сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошта оид ба таъмини кишоварзон ва дигар истифодабарандагон бо оби обёрӣ, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соли сипаришуда корҳои муайянеро анҷом додааст.

Ҳамзамон вазифаҳои муҳимтарини Агентӣ барои бехтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии беҳдошти замин ва обёрӣ ва таъмини иҷрои нақшаҳои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо мақсади эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ аз офатҳои табиӣ ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ ҷиҳати ба мавсими нави обдиҳии соли 2020 омодасозии шабакаҳои обёрӣ, ёдрас карда шуд.

Оид ба масъалахои мазкур сардорони Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрии виилоятҳои Хатлон - Собиров М., вилояти Суғд - Қудратзода Т., вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - Мирасанов М., минтақаи Ҳисор - Баротов Р., минтақаи Душанбе - Зуҳуров Б. ҳисобот дода, аз сардорони идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иҷроиши корҳо пурсида шуд.

Дар фарчом қарори дахлдор қабул карда шуда, сардорони сохторҳои Агентӣ вазифадор карда шуданд.

Нашр шудааст: 09 Январ 2020