БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА “ДАР БОРАИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛӢ, МОЛИЯВӢ ВА ХОҶАГИДОРИИ ИДОРАҲО, КОРХОНАҲО ВА МУАССИСАҲОИ ЗЕРТОБЕИ АГЕНТӢ" ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2024
9 июл дар Агентӣ Ҳайати Мушовара бо иштироки сардорони Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаҳои Душанбе ва Ҳисор ва сохторҳои зертобеи онҳо, инчунин сардорони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои Агентӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои соҳа доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва хоҷагидории идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 ва ахборот оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардиданд. Аз рўи масъалаи якуми рўзнома муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сафарзода Олим ва аз рўи масъъалаи дуюм ахбороти Раиси комиссияи танзими Агентӣ Назифов Шафоат шунида шуд.
Дар маърўзаи муовини Директори Агентӣ Сафарзода Олим бо натиҷагирӣ аз фаъолият дар шаш моҳи соли равон қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайяне анҷом дода шудааст.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои рўзнома ва баромади сардорони Раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Абдуллозода Аминҷон, Хатлон Хоҷазода Иззатулло, минтақаи Душанбе Муродалиев Ҳомид ва минтақаи Ҳисор Раҳимов Маҳмадназар ва сардорони ташкилоту корхонаҳо гуфтугузорӣ ҷиддӣ доир гардида, Директори Агентӣ муҳтарам Давлатзода Зафарбек оид ба иҷрои вазифаҳои дар назди соҳа гузошта аз масъулин пурсиш ба амал оварданд ва барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо доданд.
Дар кори ҷаласа сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Салимзода Салим иштирок ва баромад намуданд.
Соли ҷорӣ корҳои омодасозии шабакаҳои обёрӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” ба роҳ монда шуда, иншоотҳо дар муҳлат ба мавсими обёрӣ омода карда шуданд.
Аз ҷониби Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 75292 истифодабарандагони об, дар майдони 524410 гектар шартнома ба имзо расонида шуд.
Тибқи дархост ва талабот ба истифодабарандагони об дар ин давра дар ҳаҷми 1,81 млрд.м3, бо арзиши 87,2 млн.сомонӣ об расонида шудааст.
Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар мўҳлатҳои муайян омода намудани шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ ва таъмин намудани истифодабарандагон бо оби обёрӣ мусоидат менамояд. Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи 12,2 млн.сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст. Аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 7,1 млн.сомонӣ, Суғд 3,9 млн. сомонӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ 1,2 млн. сомонӣ мебошад.
Қарзи корхонаҳои зертобеи Агентӣ дар ин давра аз ҳисоби истифодаи нерўи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» 132,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Баҳри иҷрои яке аз вазифаҳои муҳими соҳа, яъне беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, соли 2024 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024, №137 ва фармоиши Агентӣ аз 14 марти соли 2024, №24 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9811 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 10,3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ба маблағи 3,5 млн. сомонӣ ҳолати мелиоративии 3788 гектар заминҳо беҳтар гардонида шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ бо маблағи 1,2 млн. сомонӣ майдони 1422 гектар, буҷети маҳаллӣ бо маблағи 0,55 млн. сомонӣ майдони 697 гектар, аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ бо маблағи 1 млн. сомонӣ майдони 1197 гектар замин ва аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо маблағи 0,68 млн. сомонӣ майдони 401 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳ гардонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №186 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар соли 2024 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 86179,5 ҳазор сомонӣ ба дарозии 36065 метр, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои ғайри буҷетӣ 62660,0 ҳазор сомонӣ ба дарозии 20470 метр ва аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизматрасонии об ба маблағи 1428,5 ҳазор сомонӣ ба дарозии 2254 метр пешбинӣ карда шудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 28751,5 ҳазор сомонӣ ба дарозии 17737 метр, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети муттамарказ ба маблағи 863,8 ҳазор сомонӣ ба дарозии 270 метр, буҷети маҳаллӣ ба маблағи 26698,6 ҳазор сомонӣ ба дарозии 1450 метр, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 510,7 ҳазор сомонӣ ба дарозии 4823 метр ва ба тариқи ҳашар ба маблағи 122,4 ҳазор сомонӣ ба дарозии 9974 метр корҳо иҷро гардиданд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда дар доираи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 тасдиқ гардидааст, азхуд намудани 3410 гектар заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 900 гектар заминҳои бекорхобида ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт ҷараён доранд.
Мувофиқи рўйхати иншоотҳои сохтмони асосӣ дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои муттамарказ ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иншоотҳои сохтмони асосӣ 23,0 млн.сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, беҳтар намудани таъминоти оби 2800 гектар заминҳо, азхудкунии 220 гектар заминҳои нав, парма намудани 7 адад чоҳи амудӣ ва ба дарозии 0,70 км гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ мувофиқи нақша барои корҳои сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ 11,1 млн.сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 7,2 млн. сомонӣ, ё ин ки 65,3% -и нақшаро ташкил медиҳад.
Дар доираи «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2023, №226 қабул гардидааст, аз ҳисоби маблағҳои институтҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба маблағи 24243,4 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуданд, ки 28% -и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бо мақсади андешидани тадбирҳо вобаста ба фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, маблағҳои бахши хусусӣ ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, азнавсозӣ ва барқарорсозии иншоотҳои гидротехникӣ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, обтаъминкунии устувор ба истифодабарандагони об ва рафъи обҳои заҳбуру заҳкаш, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, коҳиш ва пешгири намудани хавфи офатҳои табиӣ марбут ба об, такмили ихтисоси кадрҳои соҳавӣ ва ҷалби кадрҳои ҷавон ба соҳа, дастрас намудани мошину механизмҳои махсуси соҳавӣ, ҷорӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ, гузариш ба идоракунии захираҳои об дар сатҳи ҳавзаҳо ва зерҳавзаҳо дар низоми беҳдошти замин ва обёрӣ, таъмини рушди ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ҷорӣ намудани системаҳои иттилоотии фазоӣ, рақамӣ ва махзани маълумотӣ дар соҳа, такмил ва таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, рушди институтсионалии идоракунии захираҳои об дар низоми беҳдошти замин ва обёрӣ ва дар ин замина барои беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ “Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028” таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024,№ 327 қабул гардидааст.
Барои дастгирии соҳа дар назди Агентӣ 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 182,3 млн. доллари ИМА фаъолият намуда истодаанд, аз ҷумла лоиҳаҳои “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон”, «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» ва лоиҳаи “Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш” ва “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон”.
Азхудкунии маблағҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 8,0 млн. доллари ИМА ё худ 75% нақша ва аз аввали татбиқи лоиҳа 66,6 млн.доллари ИМА ё худ 37%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Созмондиҳӣ ва рушди ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар доираи ислоҳоти соҳаи об идома дорад.
Тибқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 241 адад АИО фаъолият доранд, ки ба майдони 468272 гектар заминҳои обёришаванда хизматрасонӣ менамоянд. Аз ҷумла дар вилоятҳои Суғд 94 адад АИО ба майдони 206298 гектар, Хатлон 122 адад АИО ба майдони 237327 гектар, ВМКБ 10 адад АИО ба майдони 1744 гектар, минтақаи Ҳисор 3 адад АИО ба майдони 6045 гектар ва минтақаи Душанбе 12 адад АИО ба майдони 16858 гектар хизмат расонида истодаанд.
Дар мувозинаи корхонаҳои зертобеи Агентӣ 779 адад техникаҳои гуногунтамға мавҷуд мебошад, ки 330 адади онро муҳлати истифодабариашон гузашта ва корношоям гардидаанд. Айни замон танҳо 449 адади техникаҳои гуногунтамға коршоям мебошанд.
Бо истифода аз техникаҳои мавҷуда дар давраи ҳисоботӣ барои тоза намудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва дигар чорабиниҳои дахлдор дар ҳаҷми 1834,0 ҳазор м3 корҳои заминӣ иҷро карда шуда, ба воситаи 73 адад нақлиёти боркаш 45,3 ҳазор тонна масолеҳҳои гуногуни лозима ба маконҳои муайянгардида кашонида шудааст.
Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ шумораи кормандони соҳа 5595 нафарро ташкил дода, аз он дар соҳаи истифодабарӣ 5467 нафар ва дар сохтмон 128 нафар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Музди миёнаи моҳонаи кормандон дар ин давра 879 сомониро ташкил медиҳад.
Таъмини иҷрои ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» дар мадди назари Роҳбарияти Агентӣ қарор дошта, нисбат ба муроҷиатҳои шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои таъмин намудани онҳо бо оби нўшокӣ ва обёрӣ, расонидани кўмаки моддӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарорсозӣ ва тозакунии шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаётӣ муроҷиат намудаанд, ки тибқи талаботи қонуни мазкур аз ҷониби масъулини Агентӣ сари вақт ҳаллу фасл шуда истодаанд.
Қабули шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муроҷиат аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ дар доираи салоҳият ва ваколат арзёбӣ карда мешаванд.
Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 480 адад, аз ҷумла 2 адад Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 адад Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 адад фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 адад Нақшаи чорабиниҳои супоришҳои Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 56 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 адад Протоколи маҷлиси машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 адад Протоколҳои маҷлисҳои машваратии назди Сарвазир ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 41 адад Нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 адад Нусха аз Протоколҳои маҷлиси раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 адад мактуби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 325 адад супоришҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Дар ин давра Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардида, Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад, Нақшаи чорабиниҳои супоришҳои Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 адад, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 53 адад, Протоколҳои маҷлисҳои машваратии назди Сарвазир ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад, Нусха аз Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 адад, Нусха аз Протоколҳои маҷлиси раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад ва 291 адад супоришҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардида, боқимонда дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Инчунин дар ин давра аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 62 адад аризаҳои хаттӣ дохил гардида, 61 адади он ҳалли худро ёфта ба муаллифон ҷавоб гардонида шудааст ва боқимонда дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Муовини Директор сухани худро бо ёдрас намудани мушкилоти мавҷуда хотима дода, дарҷ намуданд, ки дар баробари пешрафт дар фаъолияти Агентӣ ва сохторҳои он норасоӣ ва мушкилоти зиёде ҷой доранд, ки ҳалли онҳо барои рушди соҳа мусоидат менамояд.
Тибқи нақша ба таври зарурӣ ҷудо нагардидани маблағҳо барои иҷроиши Барномаҳои давлатии бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида, нокифоя будани маблағҳо барои нигаҳдошти саддҳову обгардонҳо ва дигар иншооти зидди обхезии мавҷуда, ки аксари онҳо фарсуда ва корношоям гашта, қисме аз онҳо пурра хароб гардидаанд, кўҳна ва фарсуда гардидани бино ва иншооти соҳа, ба таври ҷиддӣ эҳсос кардани норасогии техникаву механизмҳои муосири замонавӣ, саривақт пардохт нагардидани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ, номгўи нопурраи мушкилотҳои ҷойдошта мебошанд.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин ҳисоботҳои раёсату шуъбаҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояту, минтақа ва шаҳру ноҳияҳо шунида шуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби Ҳайати Мушовара барои беҳбудии фаъолияти соҳа пешниҳоду таклифҳои зерин пешниҳод карда шуд:
- аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ пурра ҷудо намудани маблағҳо барои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ;
- кушодани суратҳисоби алоҳидаи хазинадорӣ ҷиҳати гузариш ба системаи пардохти ғайринақдӣ тавассути Раёсатҳои молия дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ё бонкҳои эътимодноки дар маҳал буда;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо идораҳои давлатии бехдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати сари вақт пардохт намудани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ва ҷудо намудани маблағҳои бучети маҳаллӣ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо чораҷўӣ намоянд;
- бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) механизми ба онҳо вобаста кардани шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ, таъсис додани базаи моддӣ-техникӣ барои дастгирии онҳо ҳаллу фасл карда шавад;
- барои татбиқи Барномаҳои давлатии соҳавӣ ва минтақавӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, маблағҳои зарурии пешбинишуда дар буҷетҳои муттамарказ ва маҳаллӣ ҷудо карда шаванд ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби маблағҳои сармояи хориҷӣ барои татбиқи барномаҳо чораҳои дахлдор андешанд;
- бо назардошти фарсудашавии иншоотҳои гидротехникӣ ва бо мақсади нигоҳдорӣ ва сари вақт барқарор намудани саддҳои муҳофизатӣ ва обгардонҳо дар буҷети мутамарказ пешбинӣ намудани 3,35 фоиз маблағ аз арзиши мувозинавии иншоотҳо;
- бо мақсади гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарор намудани қубурҳои баландфишори системаҳои ирригатсионӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ, барқарор намудан ва сохтмони иншоотҳои обёрии соҳа ба техникаҳои гуногунтамғаи замонавӣ, механизм ва мошинҳо эҳтиёҷот дорад ва Агентӣ ҷудо намудани маблағро барои хариди онҳо дар қатори дигар Барномаҳои қабулгардидаи соҳавӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои соҳавӣ маҳсуб медонад. Бинобар ин зимни таҳияи буҷет ин масъаларо пешниҳод менамоем, ки масъалаи мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда шавад.
Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда масъулин муваззаф гардиданд, ки ҳадафҳои зеринро амалӣ намоянд аз ҷумла:
- бо истифода аз захира ва имконотҳои мавҷуда таъмини иҷрои пурраи нақшаи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”;
- таъмини иҷрои нақшаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо;
- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хатари селу обхезиҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ аз таъсири зиёновари онҳо;
- амалӣ намудани талаботҳои ба Агентӣ дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №142 “Дар бораи солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- амалӣ намудани тадбирҳои судманд якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инчунин базаи моддӣ-техникии ташкилотҳои соҳа;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш бо Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба таври лозима маблағгузорӣ намудани Барномаҳои давлатии қабулгардида вобаста ба соҳа;